Пайвандҳои дастрасӣ

Киев: Дар марз 50 ҳазор низомиёни рус мустақаранд


Русия дар марзҳояш бо Укрина тақрибан 50 ҳазор афсару сарбозашро ҷойгир кардааст. Намояндаи Ситоди куллии артиши Украина Владислав Селезнев дар ин бора рӯзи 18-уми август хабар дод ва онро "талоши Русия барои ташдиди фишор болои Киев" номид.

Вазъ дар шарқи Украина шаби душанбе ба сешанбе ноором шуд. Ба иттилои низомиёни украинӣ, бар асари аз сӯи ҷудоихоҳони рустабор тирборон шудани шаҳраки Сартани вилояти Донетск се тан аз сокинони маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд.

Анатолий Стелмах, намояндаи ситоди амалиёти вижа дар Донбасс рӯзи сешанбе изҳор намуд, ки мусаллаҳони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск мехоҳанд Киевро ба вокуниши ҷиддӣ ва ҷанги густурда водор созанд ва дар оянда барои кӯмак ба Русия муроҷиат намоянд.

Ба иттилои Киев, рӯзи душанбе ҷудоихоҳон 86 бор оташбасро халадор карданд. Раҳбарони ҷумҳурии худхондаи Донетск, дар навбати худ, низомиёни украиниро дар тирборони шаҳрҳои Донетск, Докучаевск ва шаҳраки Партизани Сурх айбдор намуданд.

XS
SM
MD
LG