Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, рӯзи 18-уми август изҳор намуд, ки мақоми мушовирони кирояи вазоратхонаҳоро аз байн мебарад ва теъдоди мушовирони худ, раисиҷумҳур ва раиси парлумонро коҳиш медиҳад – қарор аст, ки аз ин баъд онҳо фақат панҷ мушовирӣ дошта бошанд.

Дар хабари дар ин бора дар саҳифаи Ибодӣ дар Facebook нашршуда дар бораи он, ки чанд мақоми мушовирӣ аз байн бурда мешавад, чизе гуфта нашудааст.

Ихтисори мушовирон – бахше аз маъракаи густурдаи ислоҳот аст, ки рӯзи 9-уми август аз сӯи Ҳайдар Ибодӣ ба хотири коҳиши фасод ва аз байн бурдани бесалоҳиятӣ дар ҳукумат роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи мунаққидони ҳукумат, маҳз фасоду беслоҳиятӣ талошҳо дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломи”-ро ноком кардаанд.

Ду рӯз пеш Ҳайдар Ибодӣ 11 мақомро дар ҳукумат аз байн бурд ва шумораи вазоратхонаҳоро аз 33 то 22 адад кам кард.

XS
SM
MD
LG