Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Индонезия ҷасадҳои ҳамаи 54 қурбонии суқути ҳавопаймои АTR-42-и ширкати Trigana Air Service пайдо шуданд. Дар ин бора рӯзи 18-уми август раиси кумитаи бехатарӣ дар нақлиёт Татанг Курниадӣ хабар дод. Наҷотбахшон пораҳои ҳавопайморо чанд километр дуртар аз шаҳри Оксибил ошкор карданд.

Робита бо ин ҳавопаймо, ки аз шаҳри Ҷайпур, маркази вилояти Папуа сӯи шаҳри Оксибил, парвоз мекард, нимарӯзии 16-уми август қатъ шуд. Дар ҳавопаймо 49 мусофир, аз ҷумла, панҷ кӯдак ва панҷ сарнишин ҳузур доштанд.

Бар пояи фарзияи аслӣ, ҳавопаймо бар асари боду ҳавои номусоид суқут кардааст. Кумитаи миллии ҷустуҷӯиву наҷотбахшии Индонезия иттилоъ дод, ки мутахассисон ба зудӣ ба омӯхтани “қуттиҳои сиёҳ” шурӯъ хоҳанд кард.

Ширкати Trigana ба «рӯйхати сиёҳ»-и Иттиҳодияи Аврупо шомил шудааст ва бино ба меъёрҳои заифи таъмини амният фаъолияташ дар қаламрави қораи Аврупо манъ аст. Ширкати Trigana Air 13 ҳавопаймо дорад, ки «синн»-и миёнаашон 26 сола аст.

XS
SM
MD
LG