Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW хост, Собир Валиевро ба Душанбе надиҳанд


Собир Валиев
Собир Валиев

Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch аз шиканҷаи афроди дастгиршуда дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз мақомоти Молдова хостааст, ки Собир Валиев – муовини боздоштшудаи раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро ба Душанбе таслим накунад. Ин изҳороти Дидбони ҳуқуқи башар 17 август нашр шуда ва дар он таъкид шудааст, ки дар сурати истирдодаш ба Тоҷикистон Валиевро шиканҷа интизор аст. Саобир Валиев рӯзи 11 августи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Кишинёв бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шуд. Ӯ бар асоси иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистон ба “экстремизм” айбдор мешавад. "Валиев фавран ба ҳимоят ниёз дорад,” – гуфтааст Ҳю Уилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Дидбони ҳуқуқи башар. Ӯ афзудааст, "ҳукумати Молдова бояд замонат бидиҳанд, ки ӯро ба Тоҷикистон намедиҳанд. Барои ҳеч кас пӯшида нест, ки Тоҷикистон бо шиканҷа мушкил дорад ва он алайҳи мухолифони сиёсӣ истифода мешавад.” Бар асоси қарори додгоҳе дар Кишинёв Собир Валиев 18 рӯз дар боздошт мемонад ва дар ин муддат дархости Тоҷикистон барои истирдоди ӯ баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG