Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 ҳазор сомонӣ барои роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016


То кунун танҳо Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, роҳхат ба Олимпиадаи 2016 дар Рио-де-Жанейроро ба даст овардааст
То кунун танҳо Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, роҳхат ба Олимпиадаи 2016 дар Рио-де-Жанейроро ба даст овардааст

Ба варзишгарони тоҷике, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат мегиранд, 10 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.

Варзишгарони тоҷике, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат мегиранд, бо мукофотпулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “ин маблағ аз ҳисоби сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ғаюр”, ки раҳбари он Акбар Ғуломов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мебошад, пардохт карда мешавад”.

Бояд тазаккур дод, Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир аз нахустин варзишгарони тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Барои роҳхатҳои олимпӣ, инчунин варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо WTF ва ғайра мубориза мебаранд.

Ба иттилои ҷаноби Раҷабалиев, ба ҷуз Дилшод Назаров, 14 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпиву мусобиқоти ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ ҷиҳати омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 мушарраф шудаанд.

“Мо умедворем, ки варзишгарони номдори тоҷик, ба мисли муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гуштигирон Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Искандари Рустам, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ба гирифтани роҳхатҳои олимпӣ мушарраф мешаванд”, - иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

Ёдовар мешавем, мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки 1 августи соли равон ба тасвиб расидааст, барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медалҳои нуқра мегиранд, бо 250 ҳазор сомонӣ мукофотонида хоҳанд шуд. Ба варзишгароне, ки соҳибони медалҳои биринҷии олимпӣ мешаванд, 200 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон барои ҳар як барандаи медали тилло 300 ҳазор, медали нуқра 250 ҳазор ва биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шуда буд. Вале мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондон танҳо як медал ба даст овард. Ба Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии олимпӣ, 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулии президенти Тоҷикистон супурда шудааст.

XS
SM
MD
LG