Пайвандҳои дастрасӣ

"Химчамиён"-ҳо куҷо шуданд? Ҳушдори СҶТ аз фарбеҳии занони тоҷик


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ки беш аз 40 дарсади занони қобили ҳамл, махсусан дар Душанбе, вазни зиёдатӣ доранд. Аз ин занҳо хоста шудааст, шеваи зиндагӣ ва ғизояшонро тағйир диҳанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз занони тоҷик даъват кард, шеваи зиндагӣ ва ғизои худро тағйир диҳанд, то вазни изофӣ нагиранд. Бино ба иттилои ин ниҳод, беш аз 40 дарсади занони қобили ҳамл, махсусан занони шаҳрнишин дар кишвар вазни изофӣ доранд.

Ҳарчанд дар муқоиса бо кишварҳои аврупоӣ, ки ин нишондод ба беш аз 50 дарсад мерасад, занони тоҷик нисбатан камтар ба ин мушкил мувоҷеҳ будаанд, аммо дар ҳар сурат муттахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо таваҷҷӯҳ ба паёмадҳои ногувори фарбеҳӣ тавсия медиҳанд, ки ин мушкил ҷиддӣ гирифта шавад.

Ҷао Брео, намояндаи минтақаии ин созмон дар самти ғизо, мегӯяд, фарбеҳӣ ба фарқ аз деҳот, дар шаҳри Душанбе тамоюли зиёд шудан дорад. Сабаб ҳам, ба гуфтаи вай, дар камҳаракатӣ ва истифодаи нодурусти ғизо будааст.

Брео гуфт, сокинони шаҳр хеле кам ба варзиш машғул мешаванд, аз нақлиёт бештар истифода мекунанд ва кӯдакон низ вақти зиёди худро ба тамошои телевизор сарф менамоянд. Дар деҳот, ба гуфтаи ӯ, шароит каме фарқ дорад. "Мардум он ҷо ҳаракати бештар доранд, дар саҳро кор мекунанд ва дар ҳавои тоза мегарданд," -- мегӯяд ӯ.

Дар ҳоле ки аксари занон тамоюли фарбеҳшавиро чандон ҷиддӣ намегиранд, ин масъала боис ба нигаронии ниҳодҳои тандурустии кишвар шудааст. Агар фарбеҳии занҳо танҳо мӯҳтавои зебоӣ ё эстетикӣ медошт, шояд табибон ҳам онро ҷиддӣ намегирифтанд. Аммо ба қавли онҳо, фарбеҳӣ дари чандин бемории дигарро боз мекунад.

Ба гуфтаи муттахассисони соҳа, вазни изофӣ махсусан барои саломатии занони қобили ҳамл зараровар аст. Ҷао Брео мегӯяд, дар Тоҷикистон, мисли кишварҳои дигар, афзоиши бемориҳои қалбу қанд дар натиҷаи камҳаракатӣ ва фарбеҳӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Ҳавасмо Назарова, модари 3 фарзанд, ки то ҳамин се моҳи пеш 90 кило вазн доштааст, мегӯяд, баъд аз эҳсоси паёмадҳои зиёдвазнӣ акнун аз пайи кам кардани вазни худ шудааст.

Вай мегӯяд, дар даҳ соли охир эҳсос кардааст, ки вазнаш афзуда, ба дилаш таъсир расондааст. "Баҳори имсол эҳсос кардам, ки дилам мезанад, ба ҳангоми роҳгардӣ зуд хаста мешавам ва фишори хунам баланд мешавад. Баъди ин, аз пайи парҳез шуда, аз истеъмоли нон даст кашидам ва ҳафтае чанд бор машқ мекунам," -- нақл кард Ҳавасмо. ба қавли ӯ, ҳоло вазнаш то 70 кило расидааст. Ҳавасмо мегӯяд, то издивоҷ мисли ҳама дигар духтарон 50 кило вазн дошту ба қавле “химчамиён ” буд, вале баъди оиладор шудан 40 кило вазни зиёдатӣ гирифт.

Пажӯҳише ду соли пеш муайян карда буд, ки занон дар Тоҷикистон баъди аз марзи 30-35-солагӣ гузаштан вазни худро ба якборагӣ тағйир медиҳанд ва фарбеҳ мешаванд. Ҳотамбек Хайров, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, аслан дар Тоҷикистон ҳам ғизои мардуми сарватманд ва ҳам миёнаҳол камбуд дорад.

Истеъмоли аз меъёр зиёди маҳсулоти нонӣ, равғанӣ ва ширинӣ ва болои ин ҳама камҳаракатӣ, ба андешаи ин муттахассис, боис ба зиёдвазнӣ мешавад. Ҳотамбек Хайров мегӯяд, истеъмоли ғизо ҳам меъёрҳои худро дорад ва дар сурат аз ҳад зиёд кам ва ё аз ҳад беш хӯрдани хӯрок паёмадҳои нохуб барои сиҳатӣ дорад. Дар миёни маҳсулоте, ки вазни инсонро афзоиш медиҳад, ба гуфтаи ин табиб, ғизоҳои равғанин, ширҳои равғаннокиашон баланд, шоколад, равғани ҷонварон будаанд.

Масъулини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо таваҷҷӯҳ ба паёмадҳои зиёдвазнӣ машварат медиҳанд, ки сокинони кишвар маҳсулоти дастурхон ва номгӯи ғизо ва, инчунин, шеваи зиндагии худро тағйир диҳанд. Бино ба тавсияҳои ҷадиди ин созмони ҷаҳонӣ, 50 дарсади ғизои якрӯзаи як нафар бояд меваву сабзавот бошад ва ҳафтае 150 дақиқа ба машқи бадан бахшида шавад. Муттахассисон мегӯянд, истеъмоли меваву сабзавот бояд ҳанӯз аз субҳ шурӯъ шавад. Коршиносон мегӯянд, мушкил дар хонаводаҳои тоҷик аксаран на дар адами дастрасӣ ба мева, балки дар фаҳмиши нодуруст оид ба истеъмоли ғизо аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои таблиғи ғизои солим ва машқи бадан барномаи махсусро рӯйи даст гирифтааст. Табибон мегӯянд, инсон бояд дорои вазни мӯътадил бошад ва индекси байналмилалии ташхиси фарбеҳӣ бояд ба эътибор гирифта шавад, масалан агар қомати Шумо 177 сантиметр бошад, вазни идеалиаш 77 кило аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG