Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷинояти мудҳиш дар ноҳияи Мастчоҳ


Додситонии Тоҷикистон аз як ҷинояти мудҳиш дар яке аз рустоҳои ноҳияи Мастчоҳ хабар дод. Додситонӣ рӯзи 17-уми август дар вебсайти худ навишт, як ҷавони 23-солаи сокини деҳаи Устунги ноҳия рӯзи 16-уми август бинобар хусумати шахсӣ ва “аз сабаби муносибатҳои оштинопазир доштан" бо хонаводаи хоҳари 22 солааш Ғиёсзода Марҳабои Гиёҳ ӯ ва шавҳари 25-солааш Насриддин Ғафуровро бо силоҳи шикорӣ куштааст. Ба гуфтаи додситонӣ, силоҳи мазкурро ин ҷавони тоҷик ғайриқонунӣ нигаҳ медоштааст. Номи ин ҷавонро ошкор накардаанд ва гуфтаанд, ки додситонии Мастчоҳ нисбати ӯ бо банди куштори Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG