Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулиси Покистон рӯзи 17 август гуфт, шумори кушташудаҳо дар ду таркиши маргталабона, ки мунҷар ба ҳалокати як мақоми маъруфи мухолифи Толибон шуд, ба 18 нафар расид. Ҳамлаи рӯзи 16 август вазири корҳои дохилиии вилояти Панҷоб Шуҷоъ Хонзодаро ба ҳадаф дошт. Ин ҳамла дар зодгоҳи вазир – шаҳри Шодихон, дар тақрибан 80-километрии шимоли Исломобод сурат гирифт. Таркиши якум ҳангоми мулоқоти Хонзода бо даҳҳо сокини маҳаллӣ рух дода, боиси фурӯ рафтани боми бино шуд. Аз зери овор ҳудуди 25 танро зинда берун кашиданд. Аз замони оғози амалиёти густардаи давлати Покистон дар соли 2014 дар манотиқи қабиланишини ҳошияи марзи Афғонистон Шуҷоъ Хонзода баландтарин мақомест, ки аз сӯи ҷангиён кушта шуд. Ӯ афсари мустаъфии амниятӣ буд ва маъракаи зидди тундравонро дар Панҷоб раҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG