Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 кушта - дар як шаб. Даргириҳои шадид дар шарқи Украина


Асароти тӯпборон дар рустои Сартана
Асароти тӯпборон дар рустои Сартана

Бино ба хабарҳои расида аз шарқи Украина, шаби гузашта бар асари даргириҳо байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар хатти ҷабҳа, аз ҷумла дар тӯпборони шадиди дутарафа дар шаҳри Мариупол 7 нафар кушта шудаанд. Сокинон ин тӯпборонро шадидтарин даргирӣ дар беш аз 3 моҳи охир меноманд. Бино ба гузоришҳо, задухӯрди рӯзи 17 август байни нирӯҳои давлатии мустақар дар канори шарқии Мариупол бо тӯпхонаҳои мустақар дар қаламрави таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, чанд манзил дар рустои Сартана, дар 5-километрии шарқи Мариупол, ва як амбори маводи сӯхт тахриб шудаанд. Пулиси Мариупол гуфт, аз мушакҳои ҷудоиталабон ду сокини Сартана – як марду як зан – кушта шуданд. Ҷудоиталабон аз ҳалокати дастикам 3 нафар бар асари тӯпборони шаҳри Ҳорливка хабар доданд. Дар бораи тӯпборони шаҳри Донетск – пойгоҳи асосии ҷудоиталабон – аз сӯи нирӯҳои давлатӣ низ гузориш мешавад. Мақомоти Донетск мегӯянд, бар асари таркишҳо дастикам ду нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG