Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе аз Русия истирдоди 7 узви "Гурӯҳи 24"-ро хостааст


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дархости истирдоди 7 узви эҳтимолии созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24”-ро ба Русия фиристодааст. Дафтари матбуоти вазорати дохила ба Озодӣ гуфт, Душанбе ба далели айни қазияҳо дар гузашта ва боздошти ин афрод бо дархости мақомоти Тоҷикистон, умедвор аст, ки Русия онҳоро хоҳад супурд. Дар мамҷӯъ дар моҳҳои охир дар Русия 10 нафар бо гумони узвият дар “Гурӯҳи 24” боздошт шудаанд. Сеи онҳо, аз ҷумла Мақсуд Иброҳимов аллакай ба Тоҷикистон истирдод ва дар инҷо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. “Гурӯҳи 24” моҳи октябри соли 2014 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд. Ин созмонро соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов се сол пеш таъсис дод. Худи Қувватов моҳи март дар Истамбул кушта шуд. Мухолифони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, қатли Қувватов бо ҳидояти мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG