Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико “Patriot”-ҳояшро аз Туркия берун мекашад


Яке аз "Patriot"-ҳои Амрико дар пойгоҳе дар Ғозиёнтеппаи Туркия

Яке аз "Patriot"-ҳои Амрико дар пойгоҳе дар Ғозиёнтеппаи Туркия

Амрико мегӯяд, шабакаҳои дифои мушакӣ ва ҳавоии “Patriot”-ашро бо анҷоми маъмурияташон дар моҳи октябр аз наздикии марзи Туркия бо Сурия берун мекашад. Вошингтону Анкара рӯзи 16 август дар як баёнияи муштарак гуфтанд, ин воҳидҳо, ки ҳамчун бахше аз маъмурияти паймони низомии НАТО дар Туркия мустақар шудаанд, ба манзури “навсозии зарурӣ” ба Амрико баргардонда мешаванд, вале дар сурати зарурат “дар байни як ҳафта” метавонанд ба Туркия пас оварда шаванд. Амрико, Олмон ва кишварҳои дигар дар соли 2013 дар посух ба мушакборони Туркия, ки узви НАТО-ст, воҳидҳои дифои зиддиҳавоияшонро дар марзи ин кишвар бо Сурияи ҷангзада – манбаи он тирандозиҳо – мустақар карданд. Гуфта мешавад, киштиҳои ҷангии Амрико ба хотири кумак ба маъмурияти НАТО ва барои дифоъ аз Туркия дар баҳри Миёназамин мемонанд.

XS
SM
MD
LG