Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 40 ҷангӣ дар Шавол


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба хабари дигар, Артиши Покистон мегӯяд, бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ дар минтақаҳои қабиланишини ин кишвар 40 ҷангии эҳтимолӣ кушта шуданд. Ин ҳамлаҳо зӯҳри 16 август дар минтақаи Шаволи Вазиристони шимолӣ, дар наздикии марз бо Афғонистон рух додаанд. Артиши Покистон аз июни соли 2014 алайҳи паноҳгоҳҳо ҷангиён дар Вазиристони шимолӣ амалиёти густардаеро ба роҳ мондааст. Тасдиқ ё радди иддаои артиши Покистон дар бораи шумори кушташудагон аз сӯи манобеи мустақил ғайриимкон аст.

XS
SM
MD
LG