Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кашмир дастикам 8 кас кушта шуданд


Яке аз захмиён дар даргириҳои охир дар марзи ду Кашмир
Яке аз захмиён дар даргириҳои охир дар марзи ду Кашмир

Даргириҳои шадид байни Ҳинду Покистон дар минтақаи баҳсии Кашмир боиси ҳалокати дастикам 8 нафари мулкӣ ва ҷароҳат бардоштани қариб 20 тани дигар шудааст. Сухангӯи артиши Ҳинд Маниш Меҳта гуфт, нирӯҳои Покистон ба сангарҳои Ҳинд дар минтақаҳои Балакоте ва Поонч тир андохтаанд, ки аз 15 август ба ин тараф 6 мулкиро кушта ба ҷо гузошт. Дастикам 17 тани дигар захмӣ шудаанд. Артиши Покистон дар баёнияаш гуфт, дар даргириҳо ду сокини мулкӣ кушта ва дуи дигар захмӣ шудаанд. Ҳинду Покистон дар як ҳафтаи охир дар хатти назоратие, ки Кашмирро байни онҳо тақсим мекунад, қариб ҳар рӯз даргир мешаванд. Ин ду қудрати ҳастаии Осиёи ҷанубӣ аз замони касби истиқлолашон аз Бритониё дар соли 1947 ду дафъа барои Кашмир вориди ҷанг шудаанд. Ҳарду Кашмирро қаламрави худ мешуморанд.

XS
SM
MD
LG