Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ: Эрон таҳти таъсири Амрико нахоҳад рафт


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфт, муомилаи Ҷумҳурии исломӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи барномаҳои ҳастаӣ ин кишварро таҳти таъсири сиёсӣ ё иқтисодии Амрико қарор нахоҳад дод. Ӯ афзуд, Эрону Амрико метавонанд ин қарордодро напазиранд. Сомонаи Хоманаӣ рӯзи 17 август аз ӯ нақли қавл кардааст, ки ҳайъати Амрико “фикр мекард, ки ин муомила ... Эронро барои густариши нуфузи онҳо боз хоҳад кард”. Аммо ба гуфтаи оятуллоҳ Хоманаӣ, ки ҳарфи аввал дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Эронро дорад, “мо ба нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ё фарҳангии Амрико дар Эрон иҷоза нахоҳем дод.” Хоманаӣ то ҳол муомилаи моҳи июл бадастомада байни Эрон ва 6 қудрати ҷаҳониро, ки дар ивази маҳдуд кардани фаъолиятҳои ҳастаӣ сабук кардани таҳримоти зидди Теҳронро дар назар дорад, дар мазҳари ом тасдиқ ё рад накардааст. Аммо Ҳусейн Шариатмардорӣ, намояндаи Хоманаӣ ва сардабири рӯзномаи “Кайҳон” рӯзи 15 авгууст навишт, ки Хоманаӣ мухолифи ин муомила аст. Интизор меравад, ин тавофуқ рӯзҳои наздик аз сӯи парлумон ва Шӯрои олии амнияти миллии Эрон баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG