Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодӣ 11 курсии ҳукуматашро барҳам дод


Ҳайдар Ибодӣ
Ҳайдар Ибодӣ

Сарвазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ дар чорчӯби барномаи ислоҳоте, ки рафъи фасод ва ноӯҳдабароӣ дар сутуҳи олии ҳукуматро ба ҳадаф дорад, 11 курсии кобинаи вазиронро барҳам дод. Дафтари Ибодӣ гуфт, ӯ ҷиҳати билофосила аз 33 то 22 коҳиш додани шумори аъзои кобина фармон додааст. Аз ҷумла се мақоми муовини сарвазир ва 4 вазорати ҳуқуқи башар, умури занон, умури вилоятҳо ва парлумон ва вазорати давлатӣ аз байн бурда шуда, 4 вазорати дигар бо вазоратҳои дигар муттаҳид карда мешаванд. Ҳамин тавр, вазорати илму фанноварӣ бо вазорати мактабҳои олӣ ва таҳқиқоти илмӣ ва вазорати беҳдошт бо вазорати муҳити зист як хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG