Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои шадид дар атрофи Мариупол


Яке аз манзилҳои харобшуда дар рустои Сартана
Яке аз манзилҳои харобшуда дар рустои Сартана

Тӯпборони дутарафа шаҳри бандарии Мариупол дар ҷанубушарқи Украинаро такон дод. Сокинон ин тӯпборонро шадидтарин даргирӣ дар беш аз 3 моҳи охир меноманд. Бино ба гузоришҳо, задухӯрди рӯзи 17 август байни нирӯҳои давлатии мустақар дар канори шарқии Мариупол бо тӯпхонаҳои мустақар дар қаламрави таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, чанд манзил дар рустои Сартана, дар 5-километрии шарқи Мариупол, ва як амбори маводи сӯхт тахриб шудаанд. Як ҳафта пеш низ байни ҷудоиталабон ва нирӯҳои давлатӣ, ки ин бандари воқеъ дар соҳили баҳри Азов даргириҳо рух дода буд. Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер рӯзи 16 август гуфт, вазъ дар Украина “тарканда” аст. Ӯ хостори музокироти оҷил ба хотири пешгирӣ аз “мавҷи нави ташаннуҷи вазъ” дар Украина шуд. Мариупол дар канори роҳи стротегиест, ки Русия ва қисматҳои таҳти назорати ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро бо Қрим, ки дар моҳи марти соли 2014 аз сӯи Русия тасарруф шуд, мепайвандад.

XS
SM
MD
LG