Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иваз шудани баъзе аз фармондеҳони Гвардияи миллӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъди тағйироти кадрӣ дар ҳайати нерӯҳои марзбонӣ, теъдоде аз фармондеҳони Гвардияи миллиро ҳам ба мақомҳои нав таъйин кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 17-уми август хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон, дар ин рӯз “як қатор кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншудаи Гвардияи Миллии Тоҷикистонро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.” Дар ин баёния номи ҳеҷ яке аз ин кадрҳоро ошкор накардаанд, вале гуфтаанд, ки ҳамаи онҳо кадрҳои ҷавон ва хамткунандагони донишгоҳу академияҳои низомии дохил ва хориҷи Тоҷикистон ҳастанд ва “дорои таҷрибаи кофии раҳбарию сарварӣ мебошанд.”

Таъйиноти нав дар Горди миллии Тоҷикистон як се рӯз баъд аз тағйироти кадрӣ дар ҳайати нерӯҳои марзбонӣ сурат мегирад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми август, Абдураҳмон Азимов - сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ба нафақа фиристод ва ба ҷойи ӯ Сафаралӣ Назиров таъин кард, ки ӯ то ин дам муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд. Муҳаммад Ҷаъфарзода аз вазифаи муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳад оид ба корҳои тарбиявӣ озод шуда, сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Суғд таъин гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо афсарон “аз вазъи номӯътадили Афғонистон, задухӯрду муқовимати гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ бо сохторҳои қудратии давлати Афғонистон дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҳар як роҳбари ниҳод бо қотеъият назорати шабонарӯзӣ, таъмини амният ва осоиши мардумро талаб намуд”.

XS
SM
MD
LG