Пайвандҳои дастрасӣ

3 сол ҳукми афсари ФМС барои латукӯби як тоҷик


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як корманди собиқи ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Ҷумҳурии Ёқутистони Русия бо ҷурми латукӯби як шаҳрванди Тоҷикистон ба 3 соли зиндон маҳкум шуд. Кумитаи тафтишоти Ёқутистон мегӯяд, ин мард вақте ба ҳайси муфаттиши ФМС кор мекард, як мардикори тоҷикро танҳо барои он ки каме дер ба ҳузури ӯ омада буд, чунон латукӯб мекунад, ки қафаси синааш мешиканад. Муфаттиши собиқ гуноҳи худро ба гардан нагирифт, вале додгоҳ ӯро дар берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ бо истифода аз зӯроварӣ муҷрим шинохт ва барои се сол ба маҳбаси низомаш умумӣ равон кард. Ин афсари собиқ, ҳамин тавр, бо ҳукми додгоҳ се соли дигар ҳаққи кор дар ФМС-ро нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG