Пайвандҳои дастрасӣ

Давраи омӯзишии Амрико барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ


Ёздаҳ корманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Оҷонсии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон давраи таълимии "Мубориза алайҳи терроризми дохилӣ ва трансмиллӣ"-ро хатм кардаанд. Масъулони дафтари матбуоти сафорати Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико дар Душанбе рӯзи 17 август бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "ин давраи омӯзишӣ аз сӯи Барномаи ёрии зиддитеррористӣ ё Барномаи АТА ҳимояти молӣ шудааст."

Ба иттилои манбаъ, ин давраи таълимӣ сеюмин аз силсилаи иборат аз 4 курс ё давраи омӯзишии Барномаи АТА мебошад, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар соли 2015 ба нақша гирифта шудааст. Давраи омӯзишии мазкур, ки аз ҷониби Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористии назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ мешавад, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии назди Сафорати ИМА гузаронида шуд.

Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис ёфтааст. Дафтари мазкур механизми калидии ҳукумати Амрико дар баргузории барномаҳои омӯзишӣ, таъмини таҷҳизот ва технология ба давлатҳои шарики ИМА, ки фаъолона алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.

Аз соли 1992 инҷониб Сафорати Амрико дар Тоҷикистон тавассути барномаҳо барои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахшҳои тандурустию маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллар ҷудо намудааст.

XS
SM
MD
LG