Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар Гвардияи Миллӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 17 август дар раёсат ва ҳайати фармондеҳии Гвардияи Миллӣ тағйироти кадрӣ анҷом дода, афроди тозатаъинро ба ҳузур пазируфтааст. Ӯ хостааст, ки ин афрод "барои баланд бардоштани омодагии касбӣ ва низомии афсарон ва ҷузъу томҳои Гвардияи Миллӣ, пурзӯр намудани интизому тартибот, тарбияи кадрҳои ҷавон ва ҳифзи кишвар" хидмат кунанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз ин кадрҳои нав ном намебарад, аммо мегӯяд, ки "ҳамаи онҳо кадрҳои ҷавон ва дар айни ҳол хатмкардагони ду ва зиёда муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ дар дохил ва хориҷ мебошанд."

XS
SM
MD
LG