Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳе дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон фаъолияти Ҳизби коммунист дар ин кишварро боздоштааст. Ин ҳукм рӯзи 3 августи соли ҷорӣ эълон шуда, аммо ҳалномааш ҳамагӣ баъди даҳ рӯзи он ба дасти коммунистҳо расидааст. Толеубек Махиҷонов, котиби аввали Ҳизби коммунисти Қазоқистон ин ҳукми додгоҳро сиёсӣ медонад ва мегӯяд, ки барои ҳалди қазияаашон то Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат хоҳанд кард. “Дар ин додгоҳ ягон узви Ҳизби коммунист иштирок накардааст,” -- гуфт Толеубек Махиҷонов ва афзуд, ки басташавии ҳизби онҳо асосан дар пайи муроҷиати Вазорати адлияи Қазоқистон сурат гирифтааст. Баҳонаи манъи фаъолияти онҳо, ба гуфтаи ӯ, зиддунақизаҳо дар шумораи аъзои ҲКТ будааст. Махиҷонов мегӯяд, “мо дар бораи 58 ҳазор узви Ҳизби коммунист дар Қазоқистон гузориш додем. Аммо Вазорати адлия иддао дорад, ки тамоми аъзои мо ба 38 ҳазор баробар аст. Онҳо ин иттилоъро аз куҷо гирифтаанд? Дар ҳоел ки ҳеч кас аъзои моро дубора нашумурдааст ва ягон узви ҳизб низ дар бораи хориҷ шуданаш муроҷиат накардааст.”

XS
SM
MD
LG