Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 нафар дар набарде дар Қарси Туркия


Дар задухӯрдҳо дар шарқи Туркия як сарбози турк ва се мусаллаҳи курд ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, даргирӣ рӯзи 16-уми август дар як рустои вилояти Қарс миёни нерӯҳои амниятии Туркия ва мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон (ҲКК) ба вуқӯъ пайваст. Дар ин задухӯрд як сарбози дигари турк маҷрӯҳ шудааст.

Даргириҳо миёни низомиёну нерӯҳои амниятии Туркия ва ҷангиёни ҲКК баъд аз он шиддат гирифтанд, ки ҳавопаймоҳои Туркия рӯзи 25-уми июл ба мавқеъҳои ин гурӯҳ дар шимоли Ироқ зарда заданд ва ба ин васила оташбаси дусоларо халалдор карданд. Анқара эълом дошт, ки ба мавқеъҳои ҳам ситезаҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва ҳам мусаллаҳони ҲКК дар Сурия ва шимоли Ироқ зарба мезанад.

Рӯзи 15-уми август аз шурӯи низоъ миёни ҳукумати Анкара ва курдҳо 31 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат дар ҷангҳову ҳамлаҳо беш аз 40 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG