Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Индонезия як ҳавопаймо ғайб зад


Як ҳавопаймои хатсайри маҳаллӣ бо 54 сарнишину мусофир дар минтақаи дурдасти Папуа дар шарқи Индонезия нопадид шудааст.

Мақомоти индонезӣ хабар доданд, ки робита бо ин ҳавопаймои ширкати Trigana Air нимарӯзии 16-уми август, чанд муддат баъд аз парвозаш аз фурудгоҳи шаҳри Ҷайпур, маркази Папуа ба сӯи шаҳри Оксибил, қатъ шуд. Дар ҳавопаймо 49 мусофир, аз ҷумла, панҷ кӯдак ва панҷ сарнишин ҳузур доштанд.

Як мақоми идораи авитасия ба хабаргузории AFP гуфтааст, ки ҳаво дар минтақаи кӯҳистон басо номусоид буд. Дар ин гуна шароит ҷустуҷӯи ҳавопаймо ҳам кори осон нест.

XS
SM
MD
LG