Пайвандҳои дастрасӣ

Маргталаб ба манзили вазири панҷобӣ ҳамла кард


Мақомоти Покистон мегӯянд, ки бар асари ҳамлаи маргталаб ба манзили як мансабдори вилояти Панҷоб дасти кам шаш нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин таркиш, ки рӯзи 16-уми август, ҳангоми мулоқоти вазири умури дохилаи вилояти Панҷоб Шуҷоъ Хонзода бо мардум дар шаҳри Шодӣ Хон рӯй дод, боми манзил фурӯ рехт. Ҳанӯз маълум нест, ки ба мансабдор осебе расидааст ё на.

Кормандони полис мегӯянд, ки шояд теъдоди қурбониёни ҳодиса афзоиш ёбад, зеро дар мулоқот бо вазир дасти кам 20 сокини маҳаллӣ ширкат доштанд ва баъзеи онҳо зери харобаҳо мондаанд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG