Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои ҳукуматии Яман боз як вилояти воқеъ дар ҷануби кишварро аз шибҳанизомиёни ҳусӣ озод карданд.

Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 16-уми август дар бораи озод карда шудани вилояти Шабваҳ аз дасти ошӯбгарони шиамазҳаби ҳусӣ, ки аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешаванд, хабар доданд. Ба нерӯҳои ҳукуматӣ барои ишғоли ин вилоят эътилофи кишварҳои Ховари Миёна таҳти фармони Арабистони Саъудӣ бо зарбаҳои ҳавоӣ кӯмак кард.

Нерӯҳои яманӣ ҳамлаи густурда дар ҷануби кишварро моҳи гузашта шурӯъ намуда, миёни моҳи июл шаҳри бандарии Аданро дубора таҳти назорат гирифтанд. Баъдан онҳо ситезаҷӯёни ҳусиро аз вилоятҳои Далеҳ, Лаҳҷ, Абён ва ахиран аз Шабваҳ ронданд.

Пойтахти кишвар Санъо ҳанӯз ҳам дар ихтиёри ҳусиҳост.

XS
SM
MD
LG