Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён дар Тянтзян афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни таркишҳои мудҳишу харобиовар дар шаҳри бандарии Тянтзян, воқеъ дар шимолу шарқи Чин, ба дасти кам 112 нафар расид.

Мақомоти маҳаллӣ дар ин бора рӯзи 16-уми август хабар дода гуфтанд, ки айни ҳол фақат 24 ҷасад шиносоӣ шудаааст, 88 ҷасади дигар номаълум боқӣ мемонад.

Дар ин ҳодисаи бесобиқа беш аз 700 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Таркишҳои мудҳиш дар анборҳои маводи кимиёвии бандар рӯзи 12-уми август рӯй доданд. Ҷойи ҳодиса ба як харобазори бузург табдил гашт, ҳазорон мошинҳову контейнерҳо ва даҳҳо биноҳо сӯхтаву хароб шуданд.

Мақомоти Чин рӯзи шанбе афроди зиёдеро аз манотиқи наздик ба макони фоҷиа ба дигар мавзеъҳо кӯчониданд, зеро хатари тавассути дуду шамол дар гирду канор паҳн шудани заҳрҳои кимиёвӣ мавҷуд аст.

Полиси Чин ахиран тасдиқ кард, ки дар ҷойи ҳодиса заҳри қаттоли сианиди натрий ҳам ошкор шудааст. Аз ин пеш гуфта мешуд, ки дар анборҳо маводи кимиёвие чун нитрати аммониум, нитрати калий ва карбиди калтсий нигаҳ дошта мешуд.

XS
SM
MD
LG