Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" баъди пирӯзӣ бар ССКА "Помир" ба ҷойи 3 баромад


​Рӯзи 15 август бозиҳои даври 12-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дар бозиҳои даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки 15 август барпо гардиданд, "Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо “Регар-ТадАЗ” рақобат кард. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Дарвоқеъ, дар мусобиқаи имсола “Истиқлол” барои аввалин бор аз ду имтиёз бенасиб монд.

Бозии дигари марказии даври навбатӣ, ки дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат миёни дастаҳои “Хайр” ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд сурат гирифт, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

“Барқи тоҷик”-и Душанбе ба дарвозаи дастаи меҳмон - “Вахш”-и Қӯрғонтеппа – ду голи беҷавоб зад. “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан дар майдони худ бозиро бо “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ ССКА “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 34 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. “Хуҷанд” бо 27 имтиёз дар ҷойи дувум аст. “Равшан” бо 23 имтиёз ба ҷойи севум баромад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 12-ум

«БАРҚИ ТОҶИК» — «ВАХШ» — 2:0

Голҳо: Сорбон Карамов, 16 (1:0). Сорбон Карамов, 68 (2:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Муҳаммадҷони Ҳасан («Вахш»), 35 – барои таҳқири довар.

«РЕГАР-ТАДАЗ» — «ИСТИҚЛОЛ» — 0:0

«ХАЙР» — «ХУҶАНД» — 1:1

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 20 (0:1). Маҳмадалӣ Содиқов, 85 (1:1).

Аз майдон хориҷ шуданд: Меҳроҷиддин Музаффаров, Фазлиддин Сафаров («Хайр»), Сафаралӣ Каримов («Хуҷанд»), 87.

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — «ПАРВОЗ» — 1:1

Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 78 – аз пеналтӣ (1:0). Фирдавс Ҳоҷиев, 87 – аз пеналтӣ (1:1).

«РАВШАН» — ССКА «ПОМИР» — 1:0

Гол: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 38.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

12

11

1

0

45-2

34

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

12

8

3

1

24-8

27

3

«Равшан» (Кӯлоб)

12

7

2

3

25-22

23

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

12

6

5

1

18-8

23

5

«Хайр» (Ваҳдат)

12

6

2

4

16-22

20

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

12

4

2

6

8-14

14

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

12

3

3

6

14-18

12

8

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

12

2

2

8

10-22

8

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

12

1

3

8

3-24

6

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

12

0

1

11

3-26

1

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 13 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 11 тӯб, Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол») – 7-тӯбӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан») – 5-тӯбӣ.

Даври 13-ум
12 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00
ССКА«Помир» — «Барқи тоҷик»
«Парвоз» — «Равшан»​

13 сентябр (якшанбе)
«Истиқлол» — «Далерон-Ӯротеппа»
«Хуҷанд» — «Регар-ТадАЗ»
«Вахш» — «Хайр»

XS
SM
MD
LG