Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба тоҷикон дар Ингушистон


Вазорати корҳои дохилии Ингушистон мегӯяд, шаби 13 августи соли ҷорӣ болои як манзиле, ки дар он ҷо тоҷикон мезистанд, ҳамла сурат гирифта, дар натиҷа баъзеи онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтаанд. Ба иттилои расмии ин ниҳод, ҳоло ду сокини рустои Али-Юрт ба гумони ҳамла болои тоҷикон дастгир шуда, дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Назарн нигаҳдорӣ мешаванд. "Онҳо дар тан либоси сиёҳу ниқоб дошта, бо оҳану корд мусаллаҳ будаанд. Баъд аз латту кӯби тоҷикон 20 ҳазор рубл ва 6 телефони ҳамроҳи онҳоро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд," -- гуфтанд дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ингушистон.

XS
SM
MD
LG