Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 мулкӣ дар шарқи Украина


Дар тирандозиҳо дар шарқи Украина се нафари мулкӣ кушта шуданд. Нирӯҳои давлатии Украина ин тирандозиҳоро аз замони оташбаси нособити моҳи феврал шадидтарин арзёбӣ мекунанд. Мақомоти манотиқи таҳти назорати Украина дар хатти ҷабҳа ба хабаргузории Франс Пресс гуфтанд, ки дар як рӯзи охир бар асари тирандозиҳо ду нафари мулкӣ ҷон бохта, 15 тан ҷароҳат бардоштаанд. Ҷудоиталабони тарафдори Русия мегӯянд, бар асари бомбборон як сокини маҳаллӣ кушта ва сеи дигар захмӣ шудааст. Сухангӯи низомиёни Украина Андрий Лисенко рӯзи 15 август гуфт, “тайи 24 соати охир мо сатҳи дар 6 моҳи охир баландтарини тирандозӣ аз сӯи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро сабт кардем.” Ду сарбоз низ ҷароҳат бардоштаанд. Даргириҳои ахир ба хотири касби назорат бар шоҳроҳи стротегиест, ки шаҳри Донетскро бо бандари Мариупол мепайвандад. Донетск дар дасти ҷудоиталабон буда, Мариупол ва бахши аъзами шоҳроҳашро нирӯҳои давлатии Украина назорат мекунанд.

XS
SM
MD
LG