Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири СБП: Бори қарзҳои Юнонро сабук кунед


Кристин Лагард

Кристин Лагард

Кристин Лагард, раҳбари Сандуқи байналмилалии пул дигарбора аз Аврупо хост, то ба Юнон дар мавриди қарзҳои миёншиканаш сабукиҳои “қобили мулоҳиза” бидиҳад. Ин даъват дар пайи тавофуқи вазирони молияи минтақаи евро ҷиҳати ироаи марҳала ба марҳалаи боз 86 миллиард евро кумаки молӣ ба Юнон аст. Ин тавофуқ рӯзи 14 август баъди 6 соати музокирот дар Брюссел эълон шуд. Қаблан парлумони Юнон дар пайи баҳси тӯлонӣ бастаи ислоҳоти лозим барои дарёфти кумакҳои молии навбатиро тасвиб кард. Баъзе талабҳои ин ислоҳот дар раъйпурсии моҳи июл аз сӯи сокинони Юнон рад шуда буд.

XS
SM
MD
LG