Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги 40 паноҳҷӯ дар киштие дар баҳри Миёназамин


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дастикам 40 паноҳҷӯ дар киштие дар баҳри Миёназамин зоҳиран бар асари нафасгир шудан ҷон бохтаанд. Нирӯҳои баҳрии Италия рӯзи 15 август ҳалокати ин афродро тасдиқ кард, вале ҷузъиёти дигар надод. Италия мегӯяд, киштии “Cigala Fulgosi” амалиёти наҷотро ба раҳбарии худ гирифта, бисёре аз мусофирони дигарро наҷот додааст. Бино ба хабарҳо, ин киштӣ бо ҳудуди 400 муҳоҷир дар тақрибан 50-километрии соҳили Либия қарор доштааст. Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 14 август гуфт, Аврупо ба бадтарин бӯҳрони паноҳҷӯён аз замони Ҷанги дувуми ҷаҳон рӯбарӯ шудааст. Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, танҳо аз аввали сол ва танҳо ба Италия тавассути киштиҳо беш аз 101 700 муҳоҷир омадаанд. Дастикам 2040 паноҳҷӯ дар роҳ ба ин кишвар ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG