Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Солгарди 70-уми шикасти Ҷопон дар Ҷанги дувуми ҷаҳон


Император Акиҳито

Император Акиҳито

Ҷопон 70-солагии хатми Ҷанги дувуми ҷаҳонро таҷлил кард. Императори 81-солаи Ҷопон Акиҳито бо изҳори “таассуфи амиқ” гуфт, умедвор аст, ки “ҷангҳои харобиовар дигар такрор нашаванд.” Ӯ ин суханонро рӯзи 15 август дар солгарди 70-уми рӯзе ба забон овард, ки падари ӯ Ҳироҳито шикасти Ҷопон дар ҷанги дувуми ҷаҳонро эълон карда буд. Мероси он ҷанг то ҳол рӯи равобити Ҷопон бо Чину Кореяи ҷанубӣ, ки то соли 1945 таҳти мустамликаи бераҳмонаи Ҷопон қарор доштанд, соя андохтааст. Сарвазири Ҷопон Шинзо Абэ рӯзи 14 август низ дар бораи он ҷанг изҳори “андӯҳи беканор” кард, вале гуфт, наслҳои баъдӣ набояд барои иштибоҳҳои гузашта эҳсоси гуноҳ кунанд. Ӯ дар суханрониаш дигарбора узрхоҳӣ накард.

XS
SM
MD
LG