Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Мулло Мансур аз байъати Завоҳирӣ


Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур
Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур

Раҳбари нави Толибон Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур аз байъати раҳбари Ал-Қоида Аймон Завоҳирӣ, ки метавонад ба таҳкими имконоти ӯ дар муборизаҳо барои расидан ба раҳбарии ин гурӯҳи ҷангӣ кумак кунад, истиқбол кардааст.

Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур дар ҳоле ба раҳбарии Толибон мерасад, ки гурӯҳи дигари ҷангии “Давлати исломӣ” талош дорад, ба дохили Афғонистон роҳ ёфта, Толибонро дар кишвари зодгоҳаш танг кунад. Дар ин авохир Толибон бо мавҷи ба сафи “Давлати исломӣ” пайвастани аъзо ва ҳаводоронаш рӯбарӯ шудааст.

Шабакаи террористии Ал-Қоида, ки дар Покистон пойгоҳ дорад, низ рақобатҳои афзояндае бо “Давлати исломӣ” дар мавриди нақши раҳбарӣ дар миёни гурӯҳҳои “ҷиҳодӣ”-и ҷаҳонӣ рӯбарӯ мебошад. “Давлати исломӣ” қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ ишғол карда, зоҳиран ҷои Ал-Қоидаро ҳамчун шабакаи ҷаззоб барои ҳазорон довталаби “ҷиҳод” аз саросари ҷаҳон мегирад. Дар пасманзари чунин коҳиш ёфтани нуфузи Ал-Қиода, Аймон Завоҳирӣ чанд рӯз пеш ба раҳбари нави Толибон байъат супурд. Ин иқдом, тавре ба назар мерасад, таҳкими эътилофи ин шабакаи террористӣ бо Толибонро дар муқобили чолишҳои нав ба ҳадаф дорад. Ва он ҳам дар ҳоле ки Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур дар дохили ҷунбиши Толибон низ ба мухолифатҳои зиёде дучор шудааст ва бархе аз раҳбарони аршади ин гурӯҳи ҷангӣ, ки алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон меҷангад, то ҳол аз супурдани байъат ба раҳбари нави Толибон сарпечӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG