Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳбуси гуруснанишин дар Гуантанамо мемонад


Боздоштгоҳи Гуантанамо

Боздоштгоҳи Гуантанамо

Амрико гуфтааст, маҳбуси гуруснанишини боздоштгоҳи Гуантанаморо ба далоили тандурустӣ раҳо намекунад. Тариқ Баода аз Яман 8 сол боз дар Гуантанамо гуруснанишинӣ мекунад ва вазнаш ҳоло ҳамагӣ 33,5 кило шудааст. Ӯро маҷбуран ғизо медиҳҳанд, вале вакилонаш мегӯянд, ки Тариқ Баодаро бояд ба далели вазъи сиҳҳаташ раҳо кунанд. Ба гуфтаи ин вакилон, тасмими рӯзи 14 августи додситонии Амрико нишон медиҳҳад, ки раисиҷумҳур Барак Обама дар мавриди ваъдаи бастани боздоштгоҳи Гуантанамо ҳанӯз то анҷоми маъмурияташ дар соли 2017 ҷиддӣ нест. Қазияи Тариқ Баода боиси ихтилофи назарҳо дар маъмурияти Амрико шудааст. Мақомоти Пентагон – вазорати дифои Амрико мегӯянд, интиқоли Баода аз Гуантанамо маҳбусони дигарро ба гуруснанишинӣ ташвиқ мекунад. Аммо мақомоти вазорати хориҷаи Амрико аз раҳоии ин маҳбус пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG