Пайвандҳои дастрасӣ

Тахриби асарҳои Сидур дар "Манеж"


Яке аз асарҳои Вадим Сидур

Яке аз асарҳои Вадим Сидур

Як гурӯҳи фаъолони православӣ рӯзи 14 август чанд маҳсули дасти як ҳайкалтароши маъруфи замони Шӯравиро ҳамчун “тавҳин ба дин” тахриб кардаанд. Пулис чанде аз ҳамлагаронро боздошт карда, вале муддате пас баъди гирифтани баёноташон ҷавоб додааст. Елена Карнеева, сухангӯи маркази ҳунарии “Манеж” дар наздикии девори Кремли Маскав гуфт, “мардуми хашмолуд ба намоиш омада, чанд асари ҳайкалтарош Вадим Сидурро, ки ба “Манеж” тааллуқ дошт, хароб карданд. Чанд асар пурра тахриб шудааст.” Фаъоли православӣ Дмитрий Тсорионов, маъруф бо тахаллуси Дмитрий Энтео, гуфт, намоишгоҳи “Ҳайкалҳое ки мо намебинем” чанд асари, ба гуфтаи ӯ, “номуносиб” дар бораи Исои Масеҳро низ дар бар мегирифт ва “масхарае нисбат ба Исои Масеҳ ва шахсиятҳои муқаддас буд.” Дар ин намоиш осори ҳунармандони нонконфомисти замони Шӯравӣ, ки дар он аҳд намоишашон мамнӯъ буд, ба тамошо гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG