Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъюбон: Моро бе далел аз кор меронанд (ВИДЕО)


Баъзе аз афроди маъюб аз он шикоят доранд, ки раҳбарони идораҳои давлатӣ онҳоро аз кор меронанд. Ба қавли онҳо, ин барканориҳо дар пайи супориши ёрдамчии раисиҷумуҳур сурат мегирад.

Заринаи Абдураҳим, овозхони дастаи ҳунарии "Сомон"-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро, ки ба далели заифии чашмонаш ҳаққи бознишастагии маъюбӣ низ мегирифт, аз кор рондаанд. Ҳоло ӯ бо ҳамагӣ 130 сомонӣ нафақаи маъюбӣ ҳамроҳи духтари хурдсолаш зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, ки ин маблағ барои онҳо кофӣ нест.

"Қурбоналӣ Раҳмон - роҳбари даста ҳамеша маро дастгирӣ мекард. Бароям суруд эҷод мекард ва ҳамеша тарзи дуруст хонданро бароям нишон медод. Аз кор рафтани ман ба ӯ вобаста набуд. Ҳатто ӯ гуфт, агар имкон бошад, худаш аз кор меравад, вале маро дар кор мемонад. Аз кор рафтани ман ба шикояти онҳое вобаста буд, ки намоишҳои омодакардаи моро дар саҳна мегузоштанд," -- нақл кард Заринаи Абдураҳим.

Ӯ аз модар бо босираи заиф таваллуд шуда бо ин вуҷуд баробари мардуми солим дар дастаи ҳунарии “Сомон” фаъолият дошт. Аммо Қурбоналӣ Раҳмон мегӯяд, Заринаро на барои маъюбияш, балки ба далели аз санҷиш нагузаштан аз кор рондаанд. “Мувофиқи барномагузориҳое, ки мо дар саҳнаҳои калон мегузаронем, рости гап, дар чанд барномаҳои консертӣ Зарина барои ба саҳна баромадану аз саҳна берун шудан бисёр мушкил мекашид. Дар чанд барномаҳои консертӣ дар ин бора коргардон низ ба мо огоҳӣ дода буд,” – гуфт раҳбари дастаи ҳунарии “Сомон”.

Фақат Зарина нест, ки мегӯяд, ба иллати маъюбӣ аз кор озодаш кардаанд. Давлатмоҳ Қурбонова, танзимгари яке аз шӯъбачаҳоиёрии таъҷилии беморхонаи Кӯлобро низ ба хотири маъюбӣ аз кор рондаанд. Ӯ мегӯяд, “маро даъват карда гуфтанд, ки ба сабаби маъюбӣ аз кор - озодӣ. Ман гуфтам, ки барои ин хондам, панҷ сол кор кардам, пас ба дигарҳо низ гӯед, ки нахонанд.”

Айни видео дар Ютуб:

Масуълони ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе мегӯянд, супориши ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо, асоси озод кардани саросарии маъюбон аз идораҳои давлатӣ шудааст. Ҳоло дар робита ба ин ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе ду баҳси додгоҳӣ бо мақомот доранд.

Асадуллоҳ Зикрихудоев, раҳбари ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе, гуфт, то кунун дар бораи бесабаб аз кор ронда шудани маъюбон дар ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара Дарвоз, навоҳии Хатлон шикоятҳо дастрас кардаанд. “Муроҷиат карданд, ки онҳоро бесабаб бар асоси супорише, ки аз дастгоҳи раисиҷумҳур ирсол шудааст, озод карда истодаанд. Мутаассифона, аксари онҳо шифоҳӣ аст,” – афзуд Зикрихудоев.

Ба қавли Фотима Шамсиддинова, ҳуқуқшиноси қабулгоҳи идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Душанбе, аз моҳи апрел то ин дам ба қабулгоҳи созмони онҳо беш аз 10 маъюб муроҷиат кардааст, ки аз ин ҳисоб 7 нафарашон хизматчии давлатӣ ва 3 нафарашон зан будаанд. Ӯ мегӯяд, “аз кор озод кардани онҳо дар асоси супориши ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ сурат гирифтааст. Аз ин рӯ, мо ин супоришро ғайриқонунӣ ва табъиз нисбат ба маъюбон медонем.”

Қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъбони Тоҷикистон муваззаф кардааст, корхонаҳое, ки бештар аз 20 корманд доранд, новобаста аз шакли моликияташон бояд 5 дарсади кормандонашонро аз ҳисоби маъюбон ба кор қабул кунанд. Ва он маъюбоне, ки кор мекунанд, бар изофаи нафақаи маъюбӣ ҳаққи дарёфти кумакпулиҳои иҷтимоии яквақтиро низ доранд.

Соима Муҳаббатова, сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, сабаби хориҷ кардани маъюбон аз корро “нодуруст баррасӣ кардан ва нодуруст фаҳмидани супоришу дастурҳои ҳукумати Тоҷикистон” медонад. Ӯ гуфт, “дар қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон гуфта нашудааст, ки шахси маъюбе, ки нафақа мегирад, бояд аз кор равад ва ё аз нафақаи худ даст кашад. Нафақа ин чизе аст, ки аз тарафи давлат кафолат дода мешавад ва он шахс нафақаро дар асоси маъюб шудан, яъне қобилияти кориро пурра ва ё қисман аз даст додааст, мегирад.”

Ҳарчанд қонунгузориҳо аз манфиатҳои маъюбон дар аксари мавридҳо пуштибонӣ мекунад, вале масъулони мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ мегӯянд, то ба ҳол ба онҳо кадоме аз маъюбон барои поймол шудани ҳуқуқашон муроҷиат накардаанд. Ва қаҳрамони мо Заринаи Абдураҳим низ тасмим надорад, ки дастаи ҳунарии “Сомон”-ро ба додгоҳ бикашад. Ӯ мегӯяд, барои ин на пул дорад ва на бовар дорад, ки дар додгоҳ пирӯз хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG