Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии ду ҷангии собиқи ДИИШ баъди пешниҳоди Э.Раҳмон


Мақомоти Тоҷикистон ду ҷангии собиқи гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро аз боздоштгоҳи муваққатӣ дар Душанбе озод кардаанд. Раҳоии Парвиз Қосимов ва Самандар Қаландаров шоми 14 август бар асоси моддаи 401, замимаи 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки бо пешниҳоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон илова шуда буд. Ин замима имкон медиҳад, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ихтиёрӣ аз иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ даст кашида, ба Ватан меояд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG