Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​​Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бар тими миллии Кувайт бо ҳисоби 5:2 ғалаба кард.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар айни ҳол дар Кувайт таҳти раҳбарии сармураббӣ Шодӣ Ҳусейнов ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 омодагӣ мебинад, дар бозии санҷишӣ бар тими миллии ин кишвар бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад. Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро Мансур Мамедбобоев ба самар расонд. Шерзод Ҷумъаев, Некрӯз Алимаҳмадов ва Шавкат Ҳалимов якголӣ заданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби футзали кишвар 15 август бо мунтахаби Кувайт боз як бозии дӯстона анҷом медиҳад. Бозии дувум миёни дастаҳои мунтахаби Кувайт ва Тоҷикистон рӯзи шанбе соати 21:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби футзали Тоҷикистон аз ин пеш дар Кувайт дар бозии санҷишӣ аз бошгоҳи “Ал-Қодсия” бо ҳисоби 4:6 шикаст хӯрда буд. Тими “Ал-Қодсия” финалисти охирин мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё маҳсуб мешавад. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Раҳмоналӣ Шарифов, Некрӯз Алиаҳмадов, Шавкат Ҳалимов ва Мансур Мамедбобоев ба самар расонданд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 ҷамъомади таълимиву тамриниашро дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) шурӯъ карда буд. Футболбозони тоҷик дар ин ҷо бо мунтахаби ИМА ду бозии дӯстона анҷом дода, дар аввалинаш бо ҳисоби 3:5 шикаст хӯрданд ва бозии дувум бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “баъди таъсиси Лигаи касбии футзали Тоҷикистон мо дар ин намуд истеъдодҳои наву ҷавонро пайдо кардем ва онҳоро барои санҷиш ба мунтахаби миллӣ даъват намудем. Бозиҳои санҷишӣ дар Кувайту Имороти Муттаҳидаи Араб ба омодагии ҳамаҷонибаи мунтахаби кишвар ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 мусоидат хоҳад кард”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG