Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз ноамниҳо дар Афғонистон


Нигаронии президент аз вазъ дар Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 14 август аз ноамниҳо дар кишвари ҳамсояи Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни таъйинони масъулини нав ба сохтори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Раҳмон аз “авзои номӯътадили давлати ҳамсояи Афғонистон, задухӯрду муқовимати гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ бо сохторҳои қудратии ин кишвар дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҳар як раҳбари ниҳод бо қотеъият назорати шабонарӯзӣ, таъмини амният ва осоиши мардумро талаб намуд”. Вале то имрӯз мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар изҳороти худ таъкид кардаанд, ки марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон зери назорат аст. Ин ҳарфҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд моҳи охир марзҳои Тоҷикистону Афғонистон ба саҳнаи ҷангҳои миёни нирӯҳои давлатӣ ва ҷангиёни мухолифи ҳукумати Афғонистон табдил шудааст. Бар тибқи иттилои радоии “Афғонистони Озод”, ҷангҳои шадид ҳоло дар вилояти Форёб ва дар вулусволии Тагоби Бадахшони Афғонистон ҷараён доранд. Тибқи хабарҳо охир, тахминан 300 ҷангии Толибон ва ҳам 100 ҷангии хориҷӣ дар вулусволии Тагоби вилояти Бадахшон ба нирӯҳои давлатии Афғонистон ҳамла кардаанд.

XS
SM
MD
LG