Пайвандҳои дастрасӣ

Чиркин ба панҷ соли маҳбас маҳкум шуд


Владимир Чиркин

Владимир Чиркин

Фармондеҳи пешини нерӯҳои хушкигарди Русия Владимир Чиркин бо иттиҳоми ришватситонӣ ба маблағи бузург ба панҷ соли маҳбас маҳкум гардид. Ҳукми ӯ рӯзи 14 август аз сӯи додгоҳи низомии гарнизони Маскав эълон шуд. Додгоҳ Чиркинро аз рутбаи низомии генерал-полковник ва орденҳояш ҳам маҳрум кард. Владимир Чиркин айбро ба гардан нагирифт.

Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, Владмири Чиркин, соли 2008, замоне, ки муовини фармондеҳи нерӯҳои округи низомии Маскав буд, тавассути миёнаравҳо аз майори мустаъфӣ Владимир Лопанов барои дарёфти манзил аз ҳисоби вазорати дифоъ 450 ҳазор рубл гирифтааст. Баъд аз гирифтани ришват Чиркин ва миёнаравҳо ба Лопанов манзилеро доданд, ки он ҷо аллакай оилаи дигар зиндагӣ мекард. Лопанов ба додситонии низомӣ муроҷиат намуд. Ба думболи ин Владимир Чиркин, ки аллакай дар курсии фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия нишаста буд, аз мақомаш барканор шуд.

Генерал Чиркин замони баҳсҳо миёни Тоҷикистону Русия оид ба тамдиди будубоши пойгоҳи низомии 201-ум аз хатарҳои фоҷиабор ба Осиёи Марказӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ҳушдор дода ва ҳузури низомиёни русро дар минтақа муҳим хонда буд. Он вақт вазорати дифои Тоҷикистон изҳороти генерали русро танқид карда онро беназокатии сиёсӣ номид.

Се моҳ пеш ёвари собиқи фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия Валерий Даниелян аз рӯи парвандаи яғмои 150 манзили вазорати дифоъ ба 12 соли маҳбас маҳкум шуда буд.

XS
SM
MD
LG