Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се номзад ба ҷоизаи футболбози беҳтарини Аврупо


Роналду ва Мессӣ довталабони ҷоизаи беҳтарин футболбози Аврупо
Роналду ва Мессӣ довталабони ҷоизаи беҳтарин футболбози Аврупо

Бозигарони дастаи “Барселона” Лионел Мессӣ ва Луис Суарес ва ҳамлагари «Реал» Криштиану Роналду довталабони ҷоизаи беҳтарин футболбози Аврупо аз рӯи фарзияи УЕФА дар мавсими солҳои 2014-2015 шуданд.

Расонаи UEFA.com. рӯзи ҷумъа хабар дод, ки маросими супурдани ҷоиза рӯзи 27 август дар Монако баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ки чун солҳои пеш ба ҳайати доварон хабарнигорон аз ҳама 54 кишвари узви УЕФА - Анҷумани муттаҳидаи футболи Аврупо шомиланд.

Ҳар кадоме аз онҳо панҷ футболбози беҳтарини мавсимро номбар мекунанд. Ба даври дуввум даҳ футболбоз роҳ ёфта буд ва дар натиҷа ба сегонаи довталабон Мессӣ, Суарес ва Роналду шомил шуданд.

Чаҳор сол пеш Мессӣ ва соли гузашта Роналду соҳиби ҷоизаи футболи беҳтарини Аврупо шуданд. Солҳои ахир ба дарёфти ин ҷоизаи мӯътабар Андрес Иниесте (соли 2012) ва Франк Риберӣ (соли 2013) ҳам муваффақ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG