Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИМА аз ҳукми Лайло ва Ориф Юнус


Вазорати умури хориҷаи ИМА аз ҳукми зиндони ҳомиёни ҳуқуқи башари озарӣ Лайло Юнус ва шавҳараш Ориф Юнус изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳороти махсуси вазорат ба ин муносибат, ки рӯзи 14 август нашр шуд, омадааст, иттиҳом алайҳи Лайло ва Ориф бо ширкаташон дар барномаҳои коҳиши авзоъ ва таҳкими эътимод дар минтақа рабт дорад.

Додгоҳи шаҳри Боку рӯзи 13 август Лайло Юнус, раиси пажуҳишгоҳи сулҳ ва демократия ва шавҳари ӯ сиёсатшинос Ориф Юнусро дар ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор донист ва онҳоро мутаносибан ба ҳаштуним ва 7 соли зиндон маҳкум кард. Ҳомиёни ҳуқуқи башар тобистони соли гузашта бо иттиҳоми хиёнат ба ватан ва ҷиноятҳои иқтисодӣ дастгир шуданд.

Ҳарду мегӯянд, ки боздошташон ангезаҳои сиёсӣ дорад, зеро ҳадафи онҳо барқарор кардани робитаҳо бо Арманистони ҳамсоя аст.

Дар изҳороти вазорати умури хориҷаи ИМА ба қонуншиканиҳо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ҳам ишора шудааст. Вошингтон бо ишора ба вазъи сангини сиҳати Лайло Юнус ва Ориф Юнус раҳоии билофосилаи онҳоро талаб кард.

Аз ин пеш Дэвид Лидингтон, вазири Бритониё дар умури Аврупо гуфт, ба назар мерасид, ки мурофиаи додгоҳӣ ангезаи сиёсӣ дорад, зеро мақомот ба ҳузури нозирон дар мурофиа иҷоза надоданд.

Аммо Ҳикмат Гаҷиев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Озарбойҷон рӯзи 14 август ин иттиҳомро рад кард ва Бритониёро дар “барқасдона сиёсӣ нишон додан”-и ин парванда айбдор намуд. Дипломати озарӣ гуфтааст, ки мурофиаи додгоҳӣ дар фазои бозу озод баргузор гардид.

Лайло Юнус ва Ориф Юнус дар хиёнат ба давлат ҳам айбдор мешаванд, аммо мурофиа дар ин бора ҳанӯз шурӯъ нашудааст, Дар сурат собит шудани ин иттиҳом ба ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳукми абад таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG