Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамнун Ҳусейн хостори ҳалли қазияи Кашмир шуд


Мамнун Ҳусейн
Мамнун Ҳусейн

Раисиҷумҳури Покистон пешниҳод ба Ҳиндустон ҳамсоя дар бораи музокироти дуҷониба оид ба ҳалли қазияи минтақаи баҳсбарангези Кашмирро такрор кард. Мамнун Ҳусейн дар як суханронӣ аз тариқи телевизион рӯзи 14 август – рӯзи истиқлоли Покистон гуфт, кишвараш ба ҳамзистии осоишта бовар дорад аммо ин маънои онро надорад, ки Исломобод таҳдидҳо ба амнияти худро нодида мегирад.

Покистону Ҳиндустон баъд аз дарёфти истиқлол дар соли 1947 барои минтақаи Кашмир се бор вориди ҷанг шуданд. Ин минтақа ҳоло ду тақсим шудааст ва ҳарду кишвар онро қаламрави худ мехонанд.

Дар ҳамин ҳол кормандони хадамоти амнияти Покистон хабар доданд, ки шоми панҷшанбе аз қаламрави ҳиндустонии Кашмир сӯи низомиёни покистонӣ оташ кушода шуд.

Намояндаи артиши Ҳиндустон дар тирандозӣ дар марз сарбозони Покистонро айбдор намуд.

XS
SM
MD
LG