Пайвандҳои дастрасӣ

Муфаттишони чиноӣ рӯзи 14 август ба тафтиши сабабҳои ду таркиши мудҳиш дар анборҳои кимиёвии яке аз бандарҳои воқеъ дар шимолу шарқи кишвар шурӯъ карданд. Бар асари ин таркишҳғо дар бандари шаҳри Тянтзян дасти кам 50 нафар, аз ҷумла, чанд сухторнишон ба ҳалокат расиданд. Тақрибан 700 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Вазъи 71 нафари маҷрӯҳон сангин арзёбӣ мешавад.

Субҳи рӯзи ҷумъа наҷотбахшон аз зери харобаҳо як нафари зиндамондаро берун карданд. Дар ҷойи ҳодиса ҳам ҳанӯз дуди ғафс аз биноҳои сӯхта баланд мешавад ва ҳазорон мошинҳову контейнерҳои харобшуда ба чашм мерасанд.

Бар пояи хабари полис дар анборҳо маводи кимиёвие чун нитрати аммониум, нитрати калий ва карбиди калтсий нигаҳ дошта мешуд.

XS
SM
MD
LG