Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Юнон созиши "тақдирсоз"-ро пазируфт


Алексис Сипрас дар интизори қабули санад лаҳзашуморӣ мекунад
Алексис Сипрас дар интизори қабули санад лаҳзашуморӣ мекунад

Вакилони парлумони Юнон субҳи 14 август шартҳои ироаи бастаи сеюми кӯмакҳои молӣ аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ба маблағи 85 миллиард евроро пазируфтанд. Қабл аз баҳсҳо дар парлумон, ки тамоми шаб идома дошт, нахуствазир Алексис Сипрас аз вакилон хостори қабули қарордод шуда онҳоро “гоми зарурӣ барои миллат” номида буд.

Дар ду баррассии гузашта дар парлумон дар ҳоле, ки барои қабули шартҳои Иттиҳодияи Аврупо 120 овоз зарур буд, беш аз 30 узв аз фраксияи 149 нафараи ҳизби “Сириза” аз пуштибонии санад сарпечӣ карда буданд. Онҳо гуфтанд, ки мухолифи афзоиши андоз ва коҳиши нафақаву ислоҳоти бозаргониянд.

Дар сурати пазируфта нашудани шартҳои Иттиҳодияи Аврупо нахуствазир маҷбур буд, ки парлумонро пароканда ва интихоботи навро баргузор кунад.

Қарор аст, ки вазирони молияи кишварҳои узви минтақаи евро 14 август дар нишасте дар Брюссел дар бораи ироаи бастаи нави кӯмакҳо ба Юнон тасмим бигиранд.

XS
SM
MD
LG