Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйироти кадрӣ дар нерӯҳои марзбонии КДАМ


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 14 август дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод. Бар асоси ин тағйирот, Абдураҳмон Азимов - сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ба нафақа рафта, ба ҷойи ӯ Сафаралӣ Назиров таъин гардид. Вай то ин дам муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.

Муҳаммад Ҷаъфарзода аз вазифаи муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳад оид ба корҳои тарбиявӣ озод шуда, сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Суғд таъин гардидааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, “инчунин, сардорони раёсатҳои қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон ва Хатлон низ таъин гардиданд.”

Ба иттилои манбаъ, оқои Раҳмон “аз вазъи номӯътадили Афғонистон, задухӯрду муқовимати гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ бо сохторҳои қудратии давлати Афғонистон дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҳар як роҳбари ниҳод бо қотеъият назорати шабонарӯзӣ, таъмини амният ва осоиши мардумро талаб намуд”.

XS
SM
MD
LG