Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳори садоқати Завоҳирӣ ба Мулло Мансур


Айман ал-Завоҳирӣ, раҳбари созмони Ал-Қоида, ба пешвои нави Толибон изҳори садоқат карда ва бо ин кор мавзеъгирии созмонаш дар баҳсҳо ба сари раҳбарии гурӯҳи Толибонро нишон додааст. Завоҳирӣ дар як баёнияи савтӣ, ки дар Интернет нашр шуд, ба Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур изҳори садоқат мекунад. Гуфта мешавад, ки раҳбари Ал-Қоида барои ёфтани паноҳгоҳ дар марзи Афғонистону Покистон талош дорад, ки аз такягоҳҳои асосии Толибон ба ҳисоб меравад. Баёнияи Айман ал-Завоҳирӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки байни Толибон барои интихоби раҳбар ҷудоӣ ба вуҷуд омадааст ва қисме аз ҷангҷӯёни Толиб ба раҳбарони араби гурӯҳи Давлати исломӣ байъат кардаанд ва ба зидди тарафдорони Мулло Мансур меҷанганд. Баъди таъйид шудани марги Мулло Умар, раҳбари Толибон дар моҳи июл Мулло Мансурро раҳбари ин созмон эълон карданд.

XS
SM
MD
LG