Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия воридот аз 4 кишварро мамнӯъ кард


Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, рӯзи 13-уми август гуфт, воридоти маводи ғизоӣ аз чаҳор кишвари дигари аврупоиро мамнӯъ карданд. Ӯ афзуд, агар Украина бандҳои иқтисодии Аҳдномаи мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупоро амалӣ кунад, воридоти маводи ғизоӣ аз онҷо ҳам мамнӯъ мешавад. Албания, Черногория, Исландия ва Лихтеншейн, чаҳор кишваре ҳастанд, ки Русия аз онҳо муваққатан маводи хӯрока намехарад. Ҳукумати Русия соли 2014 воридоти маводи хӯрока аз Амрико, Канада, Австралия ва Иттиҳодияи Аврупоро дар посух ба таҳримоти ин кишварҳо ба зидди Русия мамнӯъ кард. Таҳримот ба зидди Русия баъди он эъмол шуд, ки Маскав нимҷазираи Қрими Украинаро ғайриқонунӣ ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.

XS
SM
MD
LG