Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги ду мардикори тоҷик дар як сохтмони Красноярск


Ду мардикори тоҷик дар сохтмоне дар вилояти Красноярск дар минтақаи Сибири ғарбии Русия зоҳиран бар асари заҳролудшавӣ ҳалок шудаанд. Пулиси Красноярск гуфтааст, аҷсоди ду шаҳрванди яке 20 ва дувумӣ 31-солаи Тоҷикистонро рӯзи 12 август аз сохтмони як гараж дар шаҳраки Емеляново пайдо кардаанд. Ба гуфтаи пулис, дар бадани онҳо изи марги иҷборӣ дида намешуд ва зоҳиран ҳарду заҳролуд шудаанд. Мардикори сеюм аз Тоҷикистон, ки низ дар ҳамин сохтмон кор мекард, бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба бемористон интиқол дода шудааст. Ӯ ҳанӯз дар шӯъбаи реаниматсияи бемористони маҳаллӣ дар ҳолати беҳушӣ қарор доштааст.

Аз маҳалли марги ду мардикори тоҷик як шиша бо маҳлули ҳанӯз номаълум ёфт шудааст. Тафтиши қазия шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG