Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Сеймор аз кашмакашҳо дар ИМА


Гари Сейморро маҷбур карданд аз раҳбарии гурӯҳи "Ҳамроҳ ба зидди Эрони атомӣ" даст кашад.
Гари Сейморро маҷбур карданд аз раҳбарии гурӯҳи "Ҳамроҳ ба зидди Эрони атомӣ" даст кашад.

Яке аз мушовирони баландпояи собиқи ҳукумати Амрико ва мутахассиси соҳаи атомӣ мегӯяд, созиши ҳастаӣ бо Эрон қурбонии кашмакашҳои сиёсии байни ҳукумат ва Конгресси ба раҳбарии Ҳизби ҷумҳурихоҳ шудааст. Гери Сеймор ки тарафдори имзои созиши атомӣ бо Эрон аст, рӯзи 12-уми август гуфт, кашмакашҳои сиёсии Конгресс ва Кохи Сафед, “ҳалқаҳои амалгарои” вакилон ва шаҳрвандонеро, ки тавофуқро сазовор мешуморанд, канор задааст. Гери Сеймор гуфт, “Чунин ба назар мерасад, ки Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва баъзе аз демократҳо ба зидди Кохи Сафед набарди сиёсии ошкорро шурӯъ мекунанд, ки бисёр тааасуфангез аст.” Қарор аст, моҳи оянда Конгресси Амрико дар мавриди созишномаи ҳастаӣ бо Эрон раъйгирӣ баргузор кунад ва бисёриҳо интизор доранд, ки вакилон созишро рад мекунанд. Барои ҳамин Кохи Сафед саъй дорад, дар сурати вето гузоштани Барак Обама ба қарори вакилон ҳимояти кофии вакилони демократ дар Конгрессро ба даст биёрад. Гери Сеймор, мутахассис дар умури манъи густариши силоҳҳои атомӣ дар аҳди аввали раёсати ҷумҳурии Барак Обама кумак кард, ки бо ҷалби ҳимояти байналмилалӣ алайҳи Эрон таҳримоти сахти иқтисодӣ ҷорӣ шавад. Ӯ ки раҳбари як гурӯҳи зидди эронӣ буд, зери фишори зиёд рӯзи 10-уми август аз мақомаш рафт, чун ба гуфтаи ӯ сиёсати пешгирифта ба зидди барномаҳои атомии Эрон натиҷа дод.

XS
SM
MD
LG